Тоҷикистон ва Толибон: Эътироф намекунем, вале ҳамкорӣ ногузир аст

Ҳайати ширкати энержии ҳукумати Толибон дар мулоқот бо вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Душанбе. Акс аз саҳифаи Х-и ширкати энержии Афғонистон

Ҳафтаи гузашта, дар Душанбе ҳамоиши навбатии ҳайати Шӯрои  кишварҳои узви тарҳи энержии CASA-1000 баргузор шуд, ки дар он намояндагон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистону Афғонистон ширкат карданд.

Кобулро дар ин нишаст ширкати энержии «Да Афғонистон Брешна» намояндагӣ кард. Ин ширкат таҳти назорати ҳукумати Толибон фаъолият дорад. Гурӯҳи “Толибон” ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ шинохта мешавад. Душанбе расман мақомоти "Толибон"-и Афғонистонро эътироф намекунад, вале ин бори аввал нест, ки ду кишвар бо ҳам тамос ва дар баъзе аз бахшҳо ҳамкорӣ доранд.

Дар бораи иштироки ҳайате аз Афғонистон матбуоти расмӣ дар Душанбе танҳо мухасар ёдовар шудааст.


Мавқеи Душанбе: “Расман эътироф намекунем”

Тоҷикистон аз соли 2021 ба ин сӯ аз эътирофи расмии ҳукумати Толибон худдорӣ мекунад. Президент Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар ҳамоишҳои байналмилалӣ таъкид кардааст, ки ҳукумати Афғонистон аз манфиати миллату қавмҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон дифоъ намекунад ва муносибат бо онҳо баробар нест. Бо ин ҳол, барои иҷрои тарҳи CASA-1000, ки тибқи он бояд барқи Тоҷикистон тариқи Афғонистон ба Осиёи Ҷанубӣ интиқол ёбад, ҳамкорӣ бо ҳукумат дар Кобул зарур аст.

Сиёсатшинос Муҳаммад Шамсуддинов мегӯяд, Тоҷикистон чун як давлати дунявӣ талош дорад аз раванди босуръат исломишавии ҷомеа ҷилавгирӣ кунад.

“Модели ҳукуматдориии Тоҷикистон бар асоси усули давлатдории дунявӣ бунёд шудааст ва яке аз вазифаҳои калидии он – ҳифзи устувории ин модел аст. Ҳамкорӣ бо Толибон танҳо ба он хотир иҷоза мешавад, ки он хусусияти манфиатовар, маҳдуд ва назоратшаванда дошта бошад ва ба пояҳои идеологии давлат асар накунад,” – афзуд коршинос.

Дар ҳар сурат бисёре аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Узбекистон ва Туркманистону Эрон бо Толибон дар чанд бахш ҳамкорӣ мекунанд, аммо дар айни замон ин ҳукуматро расман эътироф намекунанд. Дар Узбекистон “Толибон” Созмони террористӣ шинохта намешавад. Тошканд ва Ашқобод бо ин низом равобити дипломатӣ доранд ва Қирғизистону Қазоқистон “Толибон”-ро аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ берун кардаанд.

Вале дар мавриди Тоҷикистон тааҷубовар ин аст, ки ҳамзамон бо танқиди ошкоро аз ҳукумати Толибон, миёни вазорату ниҳодҳои давлатии ду кишвар мулоқоту вохӯриҳои расмӣ сурат мегиранд.


Тарҳи CASA-1000: ба манфиати ҳама

CASA-1000 бузургтарин тарҳи байналмилалии энергетикии минтақа аст. Бар асоси ин тарҳ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон барқ интиқол дода мешавад. Тарҳи мазкур аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад ва иҷрои он баъди тағйири ҳукумат дар Афғонистон ҳам идома дорад.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки иҷрои CASA-1000 дар як сатҳ нигаҳ доштани ҳамкорӣ бо Толибонро тақозо мекунад, чун хатти барқ аз қаламрави Афғонистон мегузарад. Аз сӯйи дигар ин ба ҷонибҳо имкон медиҳад, тарҳеро, ки дар он аллакай садҳо миллион доллар сармоягузорӣ шудааст, ҳифз кунанд.

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Шералӣ Ризоён мегӯяд, “Толибон” тарҳҳои зиёди омода ва роҳандозишударо ба мерос гирифтаанд.

“CASA-1000 ҳам бешак яке аз ин тарҳҳоест, ки дар натиҷаи созишҳои бисёрҷониба байни кишварҳои узв ва сохторҳои байналмилалӣ ба даст омадааст. Ширкати Афғонистон дар ин тарҳ, бар асоси усуле сурат мегирад, ки ҳадафаш бо истифода аз имкониятҳои транзитии қаламрави худ ба даст овардани фоидаи молӣ аст,” – гуфт Ризоён.

Бо вуҷуди он, ки ягон кишвари узви CASA-1000 “Толибон”-ро ба расмият намешиносад, аммо ҳама додугирифтро дар бахши техникӣ ва иҷрои тарҳҳо идома медиҳанд.

Алишер Илҳомов, сиёсатшинос ва раҳбари созмони “Central Asia Due Diligence” дар Лондон мегӯянд, ин шеваи кор дуруст аст.

“Ҳукумати Тоҷикистон дуруст мекунад, ки ҳукумати “Толибон”-ро эътироф намекунад, вале дар доираи тарҳҳои иқтисодие, ки ба фоидаи ду ҷониб аст, бо онҳо ҳамкорӣ мекунад. Айнан милси кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, махсусан Узбекистон,” – гуфт таҳлилгари узбек.

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён мегӯяд, иштироки Афғонистон дар тарҳи CASA-1000 на фақат муҳим, балки ба фоидаи ҳама ҷонибҳо хоҳад буд.

“Чунин тарҳҳои минтақавӣ мисли CASA-1000 бар иловаи манфиатҳои молӣ ҳамчунин амалан сабаби ба расмиёт шинохтани “Толибон” мешавад.” Бинобарин “Толибон” ба чунин тарҳҳо як вобастагие доранд. Аммо вобастагии мутақобилаи тамоми кишварҳои ширкатдори тарҳро ҳам набояд сарфи назар кард. Чун ҳамаи онҳо бе ягон истисно фоида мегиранд. Ҳузури Тоҷикистон дар ин тарҳ пеш аз ҳама ба диверсификатсияи равобити хориҷӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ нигаронида шудааст. Талаботи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, махсусан Покистон ба нерӯи барқ аз як тараф ва бунёди нерӯгоҳҳои пуриқтидор барои тавлиди барқ дар Тоҷикистону тарҳҳои банақшагирифтаи Қирғизистон аз тарафи дигар, ҳамдигарро такмил карда, ба эҳёи робитаҳои анъанавӣ мусоидат мекунад. Ба ин тартиб, Осиёи Ҷанубӣ метавонад як бозори муҳим барои содироти нерӯи барқи Тоҷикистон бошад,” – гуфт Ризоён.

Ба андешаи таҳлилгар Илҳомов, тарҳҳое чун CASА-1000 ба нафъи иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистонанд.

“Тоҷикистону Қирғизистон ҳам бояд ба татбиқи лоиҳаи сохтмони масири нақлиётӣ ва логистикӣ тавассути қаламрави Афғонистон то ба бандарҳои баҳрии ҷануби Покистон таваҷҷӯҳ дошта бошанд, тарҳе, ки махсусан Узбекистон дар иҷрои он фаъол аст. Ин тарҳ ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад ба масири байналмилалии тиҷорати дарёӣ роҳ ёфта, вобастагии шадиди минтақа аз қаламрави Русияро кам кунанд,” - таъкид кард коршинос.


Бозорҳо, барқ ва масоили амниятӣ

Бо вуҷуди ихтилофоти сиёсӣ, Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон ҳамсояҳои ба ҳам наздиканд. Мавқеи ҷуғрофӣ, марзи муштарак ва равобити деринаи иқтисодӣ онҳоро ба ҳам мепайвандад. Дар солҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бозорҳои наздимарзӣ дубора фаъол шуданд, ки аз ин роҳ ба вилоятҳои шимолии Афғонистон маводи озуқа, масолеҳи сохтмонӣ ва доруворӣ расонида мешавад. Дар иваз, бозорҳои Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои арзони маишӣ дастрас мекунанд. Таваҷҷӯҳи бештар ба ҳамкорӣ дар бахши энержӣ аст. Тобистон Тоҷикистон ба Афғонистон, махсусан ба минтақаҳои тоҷикнишини ин кишвар нерӯи барқ содир мекунад.

Яке аз далелҳои ҷиддии дигаре, ки Тоҷикистон наметавонад пурра “Толибон”-ро нодида бигирад, ин таҳдидҳои амниятӣ аст. Ҳамсоягӣ бо Афғонистони бесубот ва 1,3 ҳазор километр марзӣ муштарак кишварро ба ҳамкории иҷборӣ водор мекунад.

“Бо ҷалби ҳукумати Афғонистон ба чунин тарҳҳои иқтисодӣ кишварҳои минтақа хатари амалҳои террористӣ аз тарафи ҳамсояи ҷанубиро нисбати худ коҳиш медиҳанд. Агар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ бо ҳукумати “Толибон”-ро рад кунанд, ин ба афзоиши фақру гуруснагӣ дар Афғонистон сабаб шуда, мардумро барои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва амалҳои террористӣ таҳрик хоҳад дод. Дар баробари ин таҳдидҳо, ҳамчунин имкон дорад шумори паноҳҷӯён дар кишвар зиёд шавад,” – илова кард Алишер Илҳомов.

Коршинос Муҳаммад Шамсуддинов мегӯяд, омилҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки кишварро нигарон мекунад.

“Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон ва созмонҳои ҷаҳонӣ, “Толибон” аз гурӯҳҳое ҳимоят мекунад, ки дар ин кишвар онҳо террористӣ эълон шудаанд. Аз ҷумла, гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, ки бино ба маълумоти Душанбе, “Толибон” онро пуштибонии молӣ ва фаннӣ мекунад. Ин нигаронӣ хатарҳои амниятиро бештар мекунад,” – афзуд Шамсуддинов.

Ба андешаи ӯ, мухолифати идеологӣ, ҳимоят аз гурӯҳҳои ифротӣ ва берун кардани тоҷикон аз ҳукумат ҳамоно аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ба эътидол овардани равобити сиёсии миёни Душанбе ва Кобул боқӣ мемонад. Бинобарин, ҳоло ҳамагуна сӯҳбат дар бораи ҳамкорӣ ва ё ба расмият шинохта шудани “Толибон” аз сӯйи Тоҷикистон пешдоварӣ хоҳад буд.

Вале дар ҳоли ҳозир, кишварҳои ҳамсоя талош доранд дар миёни эътироф накардан ва ҳамзамон ҳамкорӣ доштан тавозунро ҳифз кунанд. Кобул ба барқи Тоҷикистон ва дастрастӣ ба бозори тарҳҳои минтақавӣ ниёз дорад. Душанбе ҳам ба субот дар марз, коҳиши шиддати ифротгароӣ ва ҳифзи робитаҳои иқтисодӣ, махсусан бо вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки аксаран тоҷикнишинанд, манфиатдор аст.

Муаллифон: Наргис Ҳамробоева, Азаттик Азия

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳузури намояндагон Толибон дар нишасти Душанбе Мулоқоти ҳайате аз Афғонистон бо вазири энержии ТоҷикистонШиркати масъулони "Брешно"-и Афғонистон дар ҷаласаҳои CASA-1000 дар Душанбе