Тоҷирони бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон интизори харидорони ҳамсоякишвар ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки бо гузашти ду моҳ аз боз шудани марз боре ҳам мизоҷҳои қирғизтаборро надидаанд. Ҳамчунин дар бозори қирғизтаборон низ харидорони тоҷик мушоҳида намешаванд.
Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки аз мансабдорони муҳоҷирситез дониста мешавад, бо таъкид ба ҳуввият ва тоыик будани гумонбарони ҳамлаи маргбор ба Крокус гуфт, қарор аст, ба зудӣ парвандаи онҳо ба додгоҳ фиристода шавад.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Манъи корҳои таъмиру бозсозӣ дар масҷиди ба номи Умари Форуқ, ки дар Душанбе бо номи “Масҷиди Аминҷон” маъруф аст, боиси нигаронии бархе сокинону намозгузрон шудааст. Онҳо мехоҳанд аз ҳисоби худ масҷидро таъмиру азнавсозӣ кунанд, вале мақомот иҷоза намедиҳад.
Тоҷикистон дар поёни моҳи май, мизбони конфронси байналмилалӣ бо ҳузури беш 1700 тан барои ҳифзи пиряхҳост. Душанбе мехоҳад таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳониро барои чораандешии фаврӣ ҷиҳати аз коҳиши обшавии пиряхҳо мутамарказ кунад.
Хабарҳои рӯз
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки Русия ва Украина барои хотима додан ба ҷанги сесола бе ҳеч таъхире ба музокирот доир ба оташбас оғоз мекунанд. Ӯ дар ин бора пас аз гуфтугӯи дуввунимсоатаи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сӯҳбат кард.
Дар Додгоҳи олии ИМА тақозои президент Доналд Трамп барои бекор кардани чунин ҳақ дар қонунҳои ин кишвар муҳокима мешавад.
Ҳафтаи гузашта президенти Тоҷикистон бо имзо гузоштан зери ислоҳи қонуне ҷазо барои “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоиро аз Кодекси ҷиноӣ бардошт. Ҳоло бархе аз пайвандони маҳкумшудагон умедворанд, ки баъди бардоштани ҷазо барои лайк наздикони онҳо озод мешаванд.
Як афсари 25-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ба ҳалокат расидааст. Ҳодисаи рӯзи 8-уми май рух додааст. Раёсати марзбонии вилояти Хатлон тасдиқ кард, ки дар натиҷаи ин садама лейтенанти калон Абдураҳмони Мирзошариф, ҷон бохтааст.
Ахбори Озодӣ
Дар ноҳияи Темурмалик мардуми зиёде ҳар тобистон обро мехаранду захира мекунанд, зеро шабакаҳои обёрӣ ва оби пок надоранд. Мақомот мегӯянд, барои рафъи ин мушкили сахт саъй доранд, вале пули зиёде ҳам барои ин кор лозим аст.
Ёфтҳои бештар