Бо бекор шудани ҷазои ҷиноӣ барои гузоштани “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, наздикони бархе зиндониён мунтазири озодии азизонашон ҳастанд. Баъди тасвиби ин қонун аз сӯи ду палатаи порлумон, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам рӯзи 14-уми май зери ин санад имзо гузошт.