Ҳабс бар пояи маълумоти "Сбербанк"? Шумори боздоштшудаҳои Кӯлоб афзоиш ёфт

Се рӯз баъди боздошти нӯҳ сокини Кӯлоб, мақомоти ҳифзи қонун 15 нафари дигарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин - яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дастгир кардаанд. Ба иттилои дарёфтӣ, шумори чунин боздоштшудаҳо ба 24 нафар расидааст.

Ба гуфтаи хешовандонашон, 15 муҳоҷири собиқи корӣ аз деҳаи Хонаободро шоми 17-уми май дастгир кардаанд ва аксари онҳо дар боздоштгоҳи раёсати корҳои дохилӣ қарор доранд. Аз ин пештар - шаби 14-ум ба 15-уми май 9 сокини ҳамин деҳаро низ бо айни иттиҳом дастгир кардаанд, ки дар Тоҷикистон ҷазои сахте дорад.

Як манбаи наздик ба мақомоти умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздошти ин афрод, ки аксаран ҷавонон ва муҳоҷирони собиқ ҳастанд, бар асоси як феҳраст аз “Сбербанк”-и Русия сурат гирифтааст, ки дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон гузоштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин феҳраст маълум кардааанд, ки гӯё муҳоҷирони тоҷик ҳангоми кор дар Русия ба ҳисоби муассиси сомонаи интиқодии «Ислоҳнет», ки ба Муҳаммадиқболи Садриддин тааллуқ дорад, пул фиристодаанд. Ин мухолифи тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон, ки барномаҳои интиқодиаш дар бораи сиёсатҳои давлатро дар YouTube нашр мекунад, гӯё аз ҳисоби муҳоҷирони боздоштшуда пул ба даст овардааст.

Як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар моҳи марти соли 2024 дар канори Маскав, ки аксаран муҳоҷирони тоҷикро ба он муттаҳам мекунанд, барои ҳамкорӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, “Сбербонк”-и Русия руйхатро ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти 15 нафаро барои фиристодани пул ба Муҳаммадиқбол

Дар ин рӯйхат ному насаби афроде ҳаст, ки ба ҳисоби Муҳаммадиқболи Садриддин пул фиристодаанд. Ба қавли мусоҳиби мо, ин масъала фақат ба Кӯлоб рабт надорад ва мумкин аст, сокинони дигар шаҳру навоҳӣ ҳам дар он бошанд.

То кунун мақомоти расмӣ дар Душане дар ин бора хабаре надодаанд. На аз вазорати корҳои дохилӣ ва ё додситонӣ, ки солҳои пешин дар бораи боздошти афрод бо иттиҳоми ифротгароӣ хабар медоданд, дар бораи дастгир шудани беш аз бист нафар аз як деҳа шарҳи расмие наомадааст.

Наздикони боздоштшудагон ҳам аз тарси мақомот дар бораи ҳодиса чизе намегӯянд, вале ба қавли баъзе аз онҳо ба волидонашон ҳанӯз иҷоза надодаанд, ки фарзандони худро бубинад ва маълум нест, ки оё вакили дифоъ доранд, ё не.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки интиқоли маблағ ба ҳисоби «Ислоҳнет»-ро рад намекунад, вале таъкид мекунад, ки ҳеч нафареро, ки ба ҳисобаш пул фиристодаанд, дастгир накардаанд. Ҷаноби Садриддин иддао кардааст, ки мақомоти интизомӣ барои боздошти шаҳрвандон бо ҳар баҳона аз номи ӯ сӯистфода мекунанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин муқими Фаронса ва муассиси вебсайти "Ислоҳ" аст, ки саҳифаҳои ӯро Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва ифротӣ эълон кардааст ва ба зидди худаш ҳам дар Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароии исломӣ парванда боз кардаанд. Худаш тамоми ин иттиҳомотро рад мекунад.

Дар гузашта ҳам дар Тоҷикистон чандин нафарро барои сӯҳбат дар барномаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, ҳамкорӣ бо ӯ ва ё ирсоли иттилооту мукотиба бо ин мунаққиди ҳукумат ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.