«Бозгашти» салоҳиятҳои ин ниҳод рӯзи 22-юми май дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии порлумон бо ворид кардани тағийрот ба қонунҳои конститутсионии «Дар бораи мақомоти прократураи Тоҷикистон», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ва «Дар бораи судҳои Тоҷикистон» иттифоқ афтод.
Абдусаттор Холов, муовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон, ки дар шарҳи муаррифии ин тағйирот суҳбат мекард, гуфт, ин тасмим ба хотири тақвияти мубориза алайҳи коррупсия гирифта мешавад ва аз ин ба баъд назорати иҷроиши қонунҳо аз сӯи ниҳодҳои муҳими давлатиро ба танзим хоҳад даровард. Аз ҷумла, вай гуфт, дар гузашта додситонӣ ҳаққи боз кардани парванда алайҳи кормандони додгоҳу Агентии мубориза бо коррупсияро надошт, ё ҳамин ҳақро Агентӣ нисбати дуи дигар дошт ва ҳам додгоҳ ба тариқи истисно ин ҳақро дошт, ки алайҳи кормандони Агентӣ парванда боз кунад.
Абдусаттор Холов
Вай афзуд, ҳоло як қатор маҳдудиятҳо, бахусус дар дахлнопазирии додрасҳо ба миён омад: «Дахлнопазирии додрасҳо мондааст, чун ин салоҳиятро Қонуни асосӣ додааст ва дигар баҳс надорад. Аммо дар гузашта додрасҳо дар ҳоли даст доштан дар ҷиноят, масалан, бекор шудани ҳалнома ва ҳукм ҷавобгарӣ дар назди қонун надоштанд. Акнун дар чунин ҳолатҳо алайҳи онҳо парвандаи маъмурӣ ё ҷиноӣ боз карда мешавад.»
Бино ба ин тағйир, акнун додгоҳҳо, ки дар гузашта ба тариқи истисноӣ ҳаққи боз кардани парванда алайҳи кормандони Агентиро доштанд, аз ин ҳақ маҳрум шуданд. Дар навбати худ Додситони кулл ин ҳақро пайдо кард, ки алайҳи кормандони додгоҳҳо бо мувофиқати раиси Додгоҳи Олӣ парванда боз кунад, аммо дар гузашта кормандони сатҳи поёнии додгоҳҳо бо ризоияти раисҷумҳур ва додрасҳои Додгоҳи Олӣ бо ризоияти Маҷлиси Миллӣ боздошт мешуданд, ё алайҳи онҳо парванда боз мешуд. Ҳамчунин боз кардани парванда алайҳи корманди Агентӣ ҳаққи истисноии директори он маҳсуб меёфт, ҳоло ин ҳақро Додситони кул ҳам пайдо кард. Акнун Агентӣ корманди додситониро ҳам бо мувофиқати Додситони кулл боздошт мекунад, ё алайҳаш парванда боз менамояд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Салоҳиятҳои додситонӣ афзун шуд
Ба назар мерасад, тағйиру иловаҳои ахир бештар салоҳиятҳои Додситонии куллро афзуда, аз салоҳиятҳои суду Агентӣ кам кардааст. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон инро аз талаботи Сарқонун ва қонунгузории ҷорӣ унвон мекунад. Ба қавли ӯ, Қонуни мурофиавиву ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардани судҳоро пешбинӣ намекунад ва аз ҳамин хотир, додгоҳҳо аз ҳисоби мақомоте, ки таъқиби ҷиноӣ мекунанд, берун карда шуданд. Ба қавли ӯ, дар оғози ташкил шудани Агентии мубориза бо коррупсия, додситонӣ ҳуқуқ дошт, ки онро назорат кунад, аммо сипас ин ҳақро аз ахирӣ гирифтанд: