Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидон хостори таҳқиқи ҳамаҷонибаи марги писарашон дар кӯдакистони Душанбе ҳастанд


Дар ин кӯдакистон рӯзи 19 май кӯдаки дусола ҷон дод
Дар ин кӯдакистон рӯзи 19 май кӯдаки дусола ҷон дод

Марги тифли дусола дар як кӯдакистони Душанбе вазорати маорифро водор кард, ки бо нашри баёнияе паҳн кардани видеои дилхароши ҷон кандани кӯдакро маҳкум кунад. Худи кӯдакистони хусусии  “Саволу ҷавоб” баста аст ва таҳқиқи фоҷиа, ба гуфтаи мақомот, идома дорад.

Дар як кӯдакистони шаҳри Душанбе рӯзи 19 май Судайси дусола ба ҳалокат расид. Утоқҳои дохили ин кӯдакистон муҳр зада шудааст ва маълум нест кай дигарбора корро шурӯъ мекунад. Мудири ин кӯдакистон Рухшона Исматуллоева буда, ба иттилои кормандонаш ҳангоми рух додани ҳодиса дар рухсатии ҳомиладорӣ будааст.

Иҷрокунандаи вазифаи ӯ яке аз бародаронаш будааст, ки нахост дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Вай дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, вақти рух додани ҳодиса мураббии писарбача барои хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ ба берун, вале дар ҳудуди ҳамин кӯдакистон баромадааст.

Ба қавли иҷрокунандаи вазифаи мудири кӯдакистон, мурраббии кӯдак нахуст ӯро болои пойҳояш хобонда, баъдан дар қабати дуввуми рахти хоб гузоштааст. Аз ин бештар иттилое надоданд.

Хонаводаи писарбача ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан имкони суҳбат кардан надоранд ва талаб карданд, ки қазияи марги фарзандашон мунсифона баррасӣ шавад. Мегӯянд, на танҳо мураббӣ, балки дигар афрод ҳам бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Хонаводаи писарбача таъкид мегӯянд, назорат аз болои кӯдакистонҳо бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шавад, то ҳодисае, ки ба сари фарзанди онҳо омад, дар нисбати фарзандони дигарҳо наояд.

Навори видеоии марги кӯдак чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад ва ин ҳодиса вокунишҳои гуногунро ба бор овардааст. Бархе корбарон кори кӯдакистонҳоро танқид карда, аз мақомот хостанд, назоратро ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Таҳқиқи марги кӯдаки дусола дар кӯдакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Хуршед Мавлонов, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт:

“Шояд бошанд муассисаҳое, ки мушкил ҷой дошта бошад, вале дар маҷмӯъ муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ имрӯзҳо дар беҳтарин шароит қарор доранд ва ҳар навбат ҳам аз тарафи комиссияҳои махсус, гуруҳои махсус тафтишот мешавад, шарту шароит, таълим, мутобиқат намудани он лавозимоту техникаву технология, катҳои хоб ва умуман раванди ба стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ будани онҳо мавриди тафтиш қарор мегирад.

Онеки аз беназоратӣ ё беаҳмиятӣ дар як муассисаи томактабӣ рух додааст, наметавонем гӯем, ки дар тамоми муассисаҳои томактабӣ чунин шароит, ҳамин бенизомӣ ё беназоратӣ ҷой дорад”.

Дар пайванд ба марги писари дусола мураббии ӯ боздошт шудааст. Ба гуфтаи вазорати корҳои дохилӣ, мураббӣ рӯзи 19-уми май вазифаи худро дуруст иҷро накарда вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писарбачаи 2-сола аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 744 кӯдакистон фаъолият доранд ва 114 ҳазор кӯдакро нигоҳубин мекунанд. Нигарониҳои волидон аз беэътиноӣ ба қоидаҳои нигоҳубин ва шароити кӯдакстон дар гузашта борҳо садо додааст, вале ин бори аввал аст, ки як тифл ба ҳалокат расад.

XS
SM
MD
LG