Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ситораҳои футболи Русия бар Тоҷикистон


Бозии дӯстонаи ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия, ки 22-юми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 7000 тамошобин доир шуд, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3:1 ба поён расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуд.

Ба ҳайати дастаи Русия бо сарварии Евгений Ловчев ситораҳои футбол, ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков, Олег Дивиченко, Андрей Мурнин, Александр Черкес, Роман Войтел ва дигарон шомил буданд.

Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон футболбозони маъруф, ба мисли Аслиддин Ҳабибуллоев, Раҳматулло Фузайлов, Шуҳрат Ҷабборов, Акмал Холматов, Рустам Хоҷаев, Суҳроб Ҳамидов, Аҳлиддин Турдиев, Тоҳир Муъминов, Субҳон Хоҷамов, Хуршед Маҳмудов, Нуъмонҷон Ҳакимов, Ҷомихон Муҳиддинов, Зокир Бердиқулов, Шуҳрат Шамсиев ва дигарон бозӣ карданд.

Дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 14-ум, Олег Дивиченко аз дастаи Русия ҳисобро кушод. Голи дуюми меҳмононро Андрей Мурнин дар дақиқаи 40-ум ба самар расонд. Суҳроб Ҳамидов, ҳамлагари дастаи Тоҷикистон, пеш аз танаффус, дар дақиқаи 44-ум, ҳисобро тағйир дод – 1:2. Голи сеюми русиягиҳоро Егор Титов дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 58-ум, зад.

Бозии дӯстонаи ситораҳои футболи Тоҷикистону Русияро собиқ довари ФИФА аз Тоҷикистон Раҳмон Муртазоев ҳакамӣ кард.

XS
SM
MD
LG