Ситораҳои футболи Русия барои ширкат дар бозии дӯстона бо ситораҳои футболи тоҷик, ки рӯзи 22-юми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, ба Душанбе омаданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25-уми май таҷлил мегардад, баргузор мешавад. Вуруд ба варзишгоҳ барои мухлисон ройгон аст.
Ба ҳайати дастаи Русия бо сарварии Александр Мирзоян ва Евгений Ловчев собиқ футболбозони маъруф, ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков, Элдор Низомутдинов ва дигарон шомиланд.
Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон футболбозони маъруф, ба мисли Аслиддин Ҳабибуллоев, Раҳматулло Фузайлов, Акмал Холматов, Рустам Хоҷаев, Суҳроб Ҳамидов, Тоҳир Муъминов, Субҳон Хоҷамов, Хуршед Маҳмудов, Нуъмонҷон Ҳакимов, Ҷомихон Муҳиддинов ва дигарон бозӣ хоҳанд кард.
"Интизор меравад, ки ин бозӣ ба ҷашни ҳақиқии футбол табдил ёфта, наслҳои гуногуни мухлисонро муттаҳид месозад ва аҳамияти варзишро дар таҳкими дӯстии халқҳо бори дигар собит мекунад",-гуфта мешавад дар изҳороти Федератсияи футболи Тоҷикистон.