Дар чанд ҷумла
Абдуллозода баъди беш аз як моҳ ба гузориш дар бораи латукӯб шуданаш вокуниш кард

Вазири тандурустӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода, баъди бештар аз як моҳ ба гузориши Радиои Озодӣ дар бораи латукӯб шуданаш аз тарафи хоҳарзодаҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон вокуниш кард, аммо ба таври рӯшан онро тасдиқ ё инкор нанамуд.
Ӯ рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо "Ҷумҳурият", нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, танҳо ишора кардааст, ки он замон дар сафари корӣ дар Маскав қарор дошт. Ин дар ҳолест, ки гузориши Радиои Озодӣ 26-уми июл нашр шуда, аммо ба иттилои манобеи мо, латукӯби вазир 20-уми июл иттифоқ уфтодааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода хабари латукӯб шуданашро "овозаи ғайриинтизор" шахсан барои худаш номидааст.
"Аз овозаҳо... хабар ёфтам. Чи ҳам мегуфтам, дар ҳоле ки онҳо асоси воқеӣ надоранд ва гузашта аз ин лоиқи вокуниш ҳам нестанд. Ҳамонҳое, ки чунин овозаҳоро паҳн карданд, бояд мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ман замони дар сафари корӣ қарор доштанам, дар ҷаласаҳои ситоди вазорат тариқи онлайн иштирок мекардам", -- гуфтааст ӯ дар мусоҳиба бо "Ҷумҳурият".
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, пас аз як ҳафтаи латукӯб шудан вазири тандурустӣ дар ҷаласаҳои онлайн пайдо шуд, вале чеҳраашро нишон намедод.
Абдуллозода дар мусоҳибаи худ нагуфтааст, ки ӯ чанд муддат (аз кай то кай) дар Маскав буд ва бо киҳо суҳбат дошт. То ин дам ҳеч далел ё аксу наворе низ дар бораи сафари ӯ ба Русия ва мулоқоташ бо намояндагони соҳаи тандурустии он кишвар дар мавриди дарёфти ваксинаи “Спутник-V” нашру паҳн нашудааст.
Пештар низ дафтари матбуоти вазорат айни гапро ба матбуот гуфта буд, вале он замон даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсиданд, ки агар хабари латукӯб шудани вазир нодуруст аст, пас, худи Абдуллозода дар куҷост ва чаро дар наворе худро нишон намедиҳад?
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ танҳо рӯзи 3-юми август бо нашри чанд акс хабар дод, ки Ҷамолиддин Абдуллозода бо шаҳрвандон ҳамсуҳбат шуда, арзи онҳоро шунидааст.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода 20-уми июл аз сӯи се хоҳарзодаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон латукӯб шудааст.
Зиёда аз панҷ манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо баъд аз фаҳмидани марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президент, ба пизишкон, аз ҷумла вазири тандурустӣ ҳамла кардаанд. Норозигии онҳо гуё замоне сар задааст, ки пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, шеваи табобати хоҳари президент дар беморхонаи ҳукуматӣ нодуруст аст.
Аммо яке аз шоҳидони ҳодиса, ки пойфишорӣ дошт, пизишкон хоҳари президентро ташхиси нодуруст нагузоштаанд, ин занозаниро "беодобии хешони бемор" номид. Вай, инчунин, афзуд, дар табобати бемор на танҳо пизишкон аз Русия, Узбекистон ва Олмон, балки аз Чин низ саҳм доштанд ва онҳо шеваи табобатро нодуруст нашумурдаанд.
Ба иттилои манобеъ, дар он муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрда буд.
Бар илова, ду нафар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда буданд, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми июл аз вазир дар хонаи ӯ аёдат кардаанд. Ба гуфтаи яке аз онҳо, вазир дар хонааш табобат мегирифт ва нав гипсро аз манаҳаш гирифта буданд.
Ҷамолиддин Абдуллозодаи 54-сола дар авҷи пандемияи коронавирус дар моҳи майи соли гузашта вазири тандурустӣ таъйин шуд. Мунтақидонаш ӯро ба пинҳонкорӣ дар бораи теъдоди беморон ва қурбониёни коронавирус муттаҳам мекунанд. Вале худи ӯ ин ҳамаро борҳо рад карда, гуфтааст, роҳашон дар мубориза бо COVID-19 дуруст буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Донишгоҳи Ҳарвардро аз ҳақи қабули донишҷӯёни хориҷӣ маҳрум карданд

Ҳукумати ИМА донишгоҳи Ҳарвардро аз қабули донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил маҳрум кард. Илова ба ин, маъмурияти президент Доналд Трамп донишомӯзонеро, ки дар ин муассиса таҳсил мекунанд, маҷбур дорад ба дигар мактабҳои олӣ гузаранд, чун дар акси ҳол ҳақи будубоши қонунӣ дар ин кишварро аз даст медиҳанд. Дар ин бора рӯзи 22 май вазорати амнияти дохилии ИМА хабар дод.
Вазир Кристи Ноэм амр дод, ки иҷозатномаи кори барномаи табодули донишҷӯёни Ҳарвард бекор карда шавад ва ин муассисаи таълимиро дар “дастгирии хушунат, яҳудиситезӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кориаш бо ҳизби коммунистии Чин” гунаҳгор намуд.
Аз ин пеш маъмурияти донишгоҳ талаби вазорати амнияти дохилиро барои додани маълумот дар бораи бархе донишҷӯёни хориҷиаш рад кард. Дар Ҳарвард қарори маъмурияти Трампро, ки ба ҳазорҳо донишҷӯ дахл дорад, ғайриқонунӣ ва интиқомҷӯӣ ва ҳам амале номиданд, ки рисолати академикию таҳқиқотии Ҳарвардро ба ҳам мезанад. Донишгоҳ ваъда додааст, ки донишҷӯёни осебдидаро дастгирӣ мекунад.
Соли 2024-2025 ба донишгоҳи бонуфузи Ҳарвард 6800 донишҷӯи хориҷӣ қабул шуд ва ин 27% -и шумори умумии донишомӯзони ин муассиса ба шумор мераванд, навиштааст Reuters. Ин донишҷӯён аз 140 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекунанд.
Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп мехоҳад низоми фаъолияти колелҷҳои хусусӣ ва мактабҳо дар саросари ИМА-ро тағйир диҳад ва онҳоро дар паҳн кардани идеологияи зиддиамрикоӣ, марксистӣ ва чапгароӣ муттаҳам намудааст. Трамп Ҳарвардро барои ҷалби демократҳои бонуфуз ба мақомҳои омӯзгорӣ ва раҳбарӣ интиқод намуд.
Моҳи апрел маълум шуд, ки маъмурияти Трамп маблағгузории донишгоҳи Ҳарвардро дар ҳаҷми 2,2 миллиард доллар қатъ ва ин донишгоҳро дар вайрон кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва муборизаи нокофӣ бо яҳудиситезӣ гунаҳгор намуд.
Кохи Сафед инчунин маблағгузории донишгоҳи Колумбияро дар ҳаҷми 400 миллион доллар боздошт. Ин қарор вокуниши мақомот ба мавҷи эътирозҳои ҷонибдорони Фаластин дар донишгоҳои Амрико буд, ки амалҳои артиши Исроил дар Ғаззаро маҳкум намуданд.
Маскаву Киев феҳристи ҳазорнафарии асиронро ба ҳамдигар супурданд

Русия ва Украина табодули рӯйхати асиронро аз рӯи меъёри “1000 ба 1000”, ки дар борааш дар музокираи ҳафтаи гузашта дар Истамбул ба мувофиқа расида буданд, ба анҷом расониданд. Бар асоси ин феҳрист ҳарду кишвар бояд ҳазорнафарӣ асиронро ба ҳамдигар супоранд.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар Телеграм каналаш навишт, ки феҳристи Маскав ба дасти онҳо расидааст. “Созиши озод кардани 1000 нафар мардуми мо аз асорати Русия шояд ягона дастовари мулоқот дар Туркия бошад. Мо корро барои таъмини иҷроиши ин созиш пеш мебарем”.
Дар Кремл ҳам котиби матбуот Дмитрий Песков тасдиқ кард, ки феҳристи асирон ба дасти онҳо расидааст. Агар ин тавофуқ иҷро шавад, ин азимтарин табодул дар миёни ду кишвар аз замони шурӯи ҷанг дар соли 2022 хоҳад буд.
Боздошти як тоҷики гумонбар дар қочоқи ҳероин дар Озарбойҷон

Дар Озарбойҷон як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст, ки ба навиштаи матбуоти Русия, давоми 11 сол мавриди ҷустуҷӯи сохторҳои ҳифзи қонуни ин кишвар будааст. Тағаймурод Эмомовро раҳбари як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир номида, ӯро дар Русия барои содироти “чандсад килограмм ҳероин” мавриди ҷустуҷӯ қарор дода буданд.
ТАСС аз қавли манбаъҳояш дар сохторҳои ҳифзи қонуни Русия навишт, Эмомовро дар ҳудуди Озарбойҷон боздошт кардаанд ва акнун ӯ дар пешорӯи истирдод ба Русия қарор дорад.
Тафтишот дар Русия ба хабаргузории расмӣ гуфтааст, ки Эмомовро дар ташкили “ҷиноятҳои махсусан вазнин” дар соҳаи муомила бо маводи мухаддир гумонбар медонанд. Дар ҳоле, ки маълум нест худи Эмомов дар ин бора чӣ назар дорад ва оё бо вакили дифоъ таъмин аст ё на, сохторҳои тафтишотӣ дар Русия ба матбуот гуфтаанд, ки Эмомов тавассути курйер ё борбарҳои дигар ба қаламрави Русия садҳо килограмм ҳероин ворид кардааст.
“Бисёри онҳое, ки бо Эмомов кор кардаанд, баъди боздошт алайҳи Эмомов ба ҳайси ташкилкунандаи ин тиҷорати сиёҳ баёнот додаанд ва бархе аз онҳо аллакай баъди анҷоми мӯҳлати ҷазо ба озодӣ баромадаанд”, навишт хабаргузории русӣ аз қавли манбааш дар сохторҳои ҳифзи қонун.
Мақомоти ҳифзи қонун дар Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ хабаре нашр накардаанд ва маълум нест, то куҷо ин маълумоти нашршуда пурра ба ҳақиқат ҷавобгӯ аст ё не.
Панҷ қурбонии як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Дарвозро ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд

Дар рӯдхонаи Панҷ ҷустӯҷуи ҷасади панҷ сокини Хоруғ, аз ҷумла тифли яксолае идома дорад, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми май дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки фоҷиа рӯзи 20-уми май дар қаламрави ноҳияи Дарвоз ва роҳи Душанбе-Хоруғ рух додааст.
Ба қавли вазорат, Ҳаким Гулзоров, ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер” ҳангоми ҳаракат идораи мошинро аз даст додааст ва мошин ба рӯдхона афтодааст. Худи ронанда ва як мусофири дигар аз мошин ҷаҳида зинда мондаанд, бақияи мусофирон, ки дар байнашон як тифли яксола ва ду навраси 9 ва 10-сола буданд, ҷон додаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ҷустӯҷуи ҷасадҳо идома дорад. Дар роҳҳои кӯҳистонӣ ва ноҳамвори Тоҷикистон, дар садамаҳои нақлиётӣ солона даҳҳо нафар ва гоҳо ду-се нафарӣ аз як хонавода кушта мешаванд.
Ҷасадҳои шаш муҳоҷири тоҷикро ба ватан фиристоданд

Ҷасадҳои шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон ҷон бохта буданд, ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳои ин шаҳрвандони Тоҷикистонро 22-юми май тариқи мошин ба зодгоҳашон ноҳияи Қубодиён фиристоданд.
Ба гуфтаи Исмоилов, ин афродро "бо урфу одати мусалмонӣ шуста, кафан карданд ва баъдан барои дафн фиристоданд".
"То имрӯз мурдаи ягон тоҷик дар Қазоқистон бесоҳиб намондааст. Соли 2024 ҷасади 60 ва имсол турбати 36 шаҳрванди Тоҷикистонро ба зодгоҳашон фиристодем. Як қисми онҳо ҳангоми рафтан ба Русия дар роҳ фавтиданд ва як қисми дигар дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Агарчӣ кори Маркази мо асосан ба тоҷикони худи Қазоқистон равона шудааст, вале мо кӯшиш мекунем, ки ба муҳоҷирони тоҷик ҳам кӯмаки худро дареғ надорем",-гуфт Акбарҷон Исмоилов.
Субҳи 20-уми май дар пайи бархӯрдани мошини "Форд Транзит" ба мошини боркаш дар Қазоқистон, 6 муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, 5 каси дигар захмӣ шуданд. Аҳволи ду нафар аз захмиён вазнин гуфта мешавад.
Фавтидаҳо Аҳтам Каримови 36-сола, Назрулло Боқиеви 24-сола, Бахтигул Боқиеваи 40-сола, Юсуф Солиҳови 67-сола, Фаёзиддини Солиҳзодаи 35-сола ва Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола буданд.
Онҳо дар роҳ ба сӯи Русия буданд. Фавтидаҳо ва захмиён сокинони деҳаи Зиракии ноҳияи Қубодиён мебошанд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, маросими видоъ бо ин муҳоҷирон 23-юми май дар зодгоҳашон мегузарад.
Қазоқистон кишвари ҳамсояи Русия мебошад ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд, аз ҷумла, ба хотири сарфаи маблағи сафар бо роҳҳои ҳавоӣ, аз роҳҳои нақлиётӣ истифода мебаранд.
Садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳҳои Қазоқистон дар гузашта ҳам рух додааст.
Порлумон шартномаи марзӣ бо Узбекистон ва Қирғизистонро тасвиб кард

Парлумони Тоҷикистон Шартнома миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро тасвиб кардааст.
Расонаҳои давлатии Тоҷикистон бо такя ба Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ки ин санад рӯзи 22-юми май дар иҷлосияи порлумон, тасвиб шуд.
Ин шартнома ҳанӯз 31-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби президентҳои се кишвар ба имзо расида буд.
Ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ дар гузашта бар сари таъйини марз ва убуру мурур аз қаламравҳои якдигар мушкил доштанд.
Ин номуайянӣ дар чор соли пеш дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона гашт ва аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.
Пешниҳоди Миронов ба Дума: "Душаҳрвандӣ барҳам дода шавад"

Сергей Миронов, роҳбари фраксияи "Русияи одил – Барои ҳақиқат", пешниҳод кардааст, ки банди марбут ба имконияти доштани душаҳрвандӣ, аз Қонуни асосии Русия бардошта шавад.
"Замони лағви институти душаҳрвандӣ фаро расидааст. Вақти он расидааст, ки интихоб кард–бо кадом кишвар тақдири худро мепайвандӣ",-изҳор дошт Сергей Миронов дар сӯҳбат бо хабаргузории русии ТАСС.
Миёни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад ва солона садҳо тоҷикистонӣ ҳамзамон шиносномаи русиро мегиранд.
Гуфта мешавад, ки Русия танҳо бо як кишвар – Тоҷикистон шартномаи душаҳрвандӣ дорад.
Созишномаи соли 1995 ба шаҳрвандони ҳарду кишвар имкон медиҳад, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистонро дошта бошанд.
Русия ҳамчунин бо Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ созишномаҳои душаҳрвандӣ дорад, ки Русия онҳоро эътироф мекунад, вале на кишварҳои дигар.
Сафири ИМА: Тоҷикистон метавонад ба дуюмин истеҳсолкунандаи сурма дар ҷаҳон табдил шавад

Сармоягузории Амрико метавонад ба дуюмин истеҳсолкунандаи калонтарини сурма дар ҷаҳон табдил шудани Тоҷикистон мусоидат кунад, гуфт сафири ИМА дар Душанбе Мануэл П. Микаллер. Дипломати калони амрикоӣ бо чунин паём дар ҷараёни ҳамоиши Истихроҷи маъданҳои Тоҷикистону Бритониё дар Лондон суханронӣ кард, ки 19 май бо ширкати ҳайате ба раҳбарии вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат Илҳомҷон Оймуҳаммадзода баргузор шуд.
Ба навиштаи сомонаи ВКХ Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш ба иловаи мақомоти расмӣ, инчунин даҳҳо сармоягузорону намояндагони ширкату корхонаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Мануэл П. Микаллер дар ин ҳамоиш гуфт, "Ширкатҳои ИМА таваҷҷуҳ ба сармоягузорӣ ба корхонаҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон ва оғози амалиёти нав барои кашф ва рушди сарватҳои зеризаминии истихроҷнашудаи Тоҷикистон доранд. Ман ва дастаам барои кӯмак дар ин ҷо ҳастем".
Миёнаҳои моҳи май сафир Микаллер аз ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд боздид намуда, аз ҷумла бо кори корхонаи истихроҷи сурмаи «Анзоб» ва корхонаи коркарди сурмаи «АмCо» шинос шуд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон метавонад ба дуввуми истеҳсолкунандаи сурма дар ҷаҳон табдил шавад. “Сурма - як маъдани нодир ва пурарзиш аст, ки дар истеҳсоли батареяҳо, таҷҳизоти электронӣ ва маводи зидди оташ нақши муҳим мебозад”, навиштааст сафорати ИМА дар Душанбе.
Соли 2023 хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба Хадамоти геологии ИМА навишт, Тоҷикистон дар ҷаҳон сеюмин истеҳсолкунандаи сурма ба ҳисоб рафта, соли 2019 дар ин кишвар 16 ҳазор тонна ин навъи маъдан истеҳсол шудааст. Аз 11 кони сурма нӯҳ ададаш дар қаламрави водии Зарафшону Ҳисор ҷойгир мебошанд.
Тоҷикистон, ки дар талоши сармоягузории бештар ба иқтисоди кишвар аст, мехоҳад ҳарчи бештар шарикони байналмилалии тиҷоратиро ба захираҳои табиии ин кишвар дилгарм намояд. Феълан азимтарин ҳамкори тиҷоратию сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон кишвари Чин дониста мешавад.
Бо сари қудрат дар ИМА омадани президент Доналд Трамп манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар сиёсати хориҷии Кохи Сафед ба мадди аввал баромад. Феълан маълум нест, ки то куҷо воқеан ҳам талошҳо барои ҷалби бештари сармоягузорони ғарбӣ ба иқтисоди Тоҷикистон натиҷаи ҷиддӣ медиҳад ва мушаххасан ҳосили форуми Лондон чӣ ҳосиле хоҳад дод.
Вале як монеаи аслии ҷалби бештари сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон андозҳои баланд, фасоду ношаффофият ва беэътимодӣ ба ҳимояти қонунии сармояҳояшон дар ин кишвар гуфта мешавад.
Вазири дифои ИМА ҳавопаймои амири Қатарро барои Доналд Трамп қабул кард

Вазири дифои ИМА Пит Ҳегсет тӯҳфаи хонаводаи шоҳии Қатар – ҳавопаймои навъи Boeing 747-ро бо арзиши чандсад миллион доллар қабул кард. Баъди навсозии он қарор онро чун ҳавопаймои нави Air Force One барои сафарҳои президент Доналд Трамп истифода кунанд.
Намояндаи Пентагон Шон Парнелл рӯзи чоршанбе гуфт, ки ҳавопайморо «мутобиқ ба тамоми муқаррароти федеролӣ ва қоидаҳо» қабул карданд ва афзуд, ки вазорати дифои ИМА риояи тамоми талаботи амниятию фаннии ин ҳавопайморо ба ӯҳда мегирад. Айни замон, ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳҳо дар Конгресси Амрико мегӯянд, ки қабули чунин тӯҳфае аз як давлати хориҷӣ Конститутсияи ИМА-ро нақз мекунад.
Худи Доналд Трамп аз ин пеш гуфтааст, ки рад кардани чунин як ҳавопаймо «аблаҳӣ мешавад» ва иқдоми Қатарро «як амали олӣ» номид. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ як мушкили ахлоқие дар гирифтани чунин тӯҳфа намебинад ва афзуд: «Ман ҳеҷ гоҳ аз қабули чунин як пешкаше даст намекашам, магар ин ки аблаҳ бошам…»
Дар гузашта Трамп аз шароити дохили ҳавопаймои президентӣ изҳори норизоият кардааст.
Рӯзи 21 май, дар мулоқот бо президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса дар Кохи Сафед Трамп хабарнигори ширкати NBC-ро, ки мавзӯи ҳавопаймои қатариро матраҳ кард, дар кори ғайрикасбӣ гунаҳгор ва аз ӯ талаб кард, ки толорро тарк кунад. Трамп афзуд, ки Қатар ба иқтисоди ИМА “5,1 триллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард”.
Сенатори демократ Чак Шумер тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки истифодаи пули Пентагонро барои навсозии ҳавопаймои президентие, ки қаблан моли давлати хориҷӣ будааст, манъ мекунад. Шумер мегӯяд, ҳеҷ гуна навсозӣ наметавонад амнияти пурраи ингуна ҳавопаймоҳоро таъмин кунад. Шумер мехоҳад, ки ин ташаббусашро ҳамчун илова ба тарҳҳои ояндаи буҷаи кишвар ба баррасӣ гузорад. Баъзе ҷумҳурихоҳҳо ҳам дар робита бо тӯҳфаи Қатар изҳори нигаронӣ карданд, вале ҳатмӣ нест, ки раҳбари аксарият Ҷон Тун тарҳи Шумерро ҳатман ба овоздиҳӣ гузорад.
CNN: фармондеҳони рус амр медоданд асирони украиниро қатл кунанд

Телевизиони амрикоии CNN маълумоти иктишофи Украинаро нашр кард, ки дар он бар асоси маводи садоӣ шунида мешавад, ки чӣ гуна як фармондеҳи рус амр медиҳад, ки асирони ҷангии украинӣ кушта шаванд. Ин наворҳо аз назари вақту соат бо куштори сарбозони украинии асирафтода дар моҳи ноябри соли 2024 дар деҳаи Новодаровкаи вилояти Запорожйе мувофиқат мекунанд.
Дар наворҳои нашркардаи CNN дида мешавад, ки шаш сарбози украинӣ рӯ ба замин хобидаанд ва ҳадди аққал ду нафари онҳоро рӯирост тирборон мекунанд. Яке аз онҳо, эҳтимолан фармондеҳи ин гурӯҳро ба ҷои дигаре мебаранд. Манбаъҳои украинӣ гуфтаанд, ки сабтҳои садоӣ, бар пояи маълумоти украиниҳо, дар фосилаи соати 12:05 то 12:31, ҳамзамон бо фаъолияти дронҳое, ки ин саҳнаро сабт кардаанд, анҷом шудаанд.
Дар хабари телевизиони амрикоӣ таъкид шудааст, ки ин сабтҳои садоиро коршиноси мустақили додгоҳӣ санҷида ҳеҷ шубҳае дар дурустии он надорад. Як корманди хадамоти махсуси як давлати ғарбӣ ҳам ин сабтҳоро воқеӣ номида гуфтааст, ки онҳо бо маълумот дар бораи қатлҳои низомиёни украинӣ, ки дар санадҳо сабт шудаанд, мувофиқат мекунанд.
Моррис Тидбол-Бинз, гузоришгари вижаи СММ оид ба қатлҳои бидуни додгоҳӣ ба CNN гуфтааст, ки ингуна ҷиноятҳо “нақзи дағалонаи ҳуқуқи байналмилалӣ” буда, маъмулан, “бо амри фармондеҳон ваё ҳадди аққал ризоияти фармондеҳони баландпоя то худи президенти Русия” рух медиҳанд.
Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки дар ин куштор сарбозони артиши рақами 5-и Русия даст доранд. Ҳамин сарбозон, ба гуфтаи онҳо, дар ҷиноятҳои дигари мисли сарбурии як асири дигари украинӣ ҳам даст доранд.
Додситонии кулли Украина гуфт, ки аз замони ҳуҷуми Русия ба хоки Украина 75 парвандаи вобаста ба қатли 268 асири украинӣ таҳқиқ мешавад.
Вазорати дифои Русия нахостааст ин хабарҳоро шарҳ диҳад. Дар гузашта мақомоти Русия иттиҳоми даст задан ба ҷиноятҳои ҷангиро рад кардаанд.
Душанбе ба конфронси ҳифзи пиряхҳо омода мешавад

Гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, кам шудани манобеи обӣ ва пешгирӣ аз эҳтимоли рух додани фоҷиаҳои экологӣ аз ҳадафҳои бунёдии як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе аст, ки ба бовари мақомоти Душанбе дар сатҳи баланд бояд масоили вобаста ба ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ кунад. Тоҷикистон дар поёни моҳи май мизбони он хоҳад буд ва СММ ҳам се сол пеш гуфт, бо пешниҳоди Душанбе соли 2025-ро соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳоро эълон мекунад.
Ба иттилои Саноӣ Бойзода, раҳбари котиботи конфронси ҳифзи пиряхҳо, барои иштирок дар ин ҳамоиш 55 кишвари узви СММ ва 48 созмон изҳори омодагӣ кардаанд. Интизор меравад, ки дар ин конфронси серӯза 1700 нафар иштирок кунанд.
Яке аз ҳадафҳои конфронси Душанбе ҷалби сармояи кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо дониста мешавад. Бо ин ҳадаф Бунёди вижае таъсис шудааст, ки Тоҷикистон сармоягузори нахустини он аст. Коршиноси мустақил Мирҳусайн Назриев бар ин аст, ки аз ҳар конфронси байналмилалӣ чизе мусбате дарёфт кардан мумкин аст, ба шарти он ки хулосаҳои он натиҷаҳои амалӣ диҳанд:
Мирҳусайн Назриев дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мушкили ҳифзи пиряхҳо, умуман проблемаи таъмин кардани оби ошомиданӣ дар курраи Замин ба яке аз проблемаҳои рақами як табдил шудааст. Гумон мекунам, ки шояд ҷанбаи иқтисодии масъалаи обе, ки дар Тоҷикистон ҳаст, дар ин конфронс мавриди омӯзиш, мавриди баҳс қарор гирад”.
Пайомадҳои тағйири иқлим барои Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои дарднок ба шумор меравад, зеро солҳои охир пиряхҳои ин кишвари куҳистонӣ бо суръат об мешаванд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.
Ин мушкил барои Тоҷикистон, ки кишвари дорои захираҳои бузурги гирдроэнержии минтақа дониста мешавад, чолишҳоеро ба бор овардааст. Аммо худи Тоҷикистон дар танҳо барои рафъи ин чолишҳо муваффақ нест ва ба ҳамгироӣ ва сармоягузории ҷомеаи ҷаҳонӣ умед бастааст.
Ҳалокати 2 корманди сафорати Исроил дар тирандозии назди музейи яҳудиён дар Вашингтон

Бинобар гузоришҳо, ду корманди сафорати Исроил дар Вашингтон дар пайи тирандозӣ дар наздикии музей ё осорхонаи яҳудиён дар ин шаҳр, кушта шуданд. Пулис аз боздошти фарди гумонбар, хабар додааст.
Ин тирандозӣ соати 21:00-и чоршанбеи 21 май дар наздикии музейи яҳудиён дар Вашингтон рух дод ва қурбониён аз як маросим дар ин музей, берун шуда буданд.
Памела Смит, раиси пулиси Вашингтон гуфт, ки фарди ҳамлавар ба тарафи як гурӯҳи чаҳорнафара тирандозӣ кард ва дар пайи он, як мард ва як зан кушта шуданд.
Хонум Смит аз боздошти фарди гумонзад ба тирандозӣ хабар дод ва аз ӯ "Элиас Родригез"-и 30 сола ва сокини Чикаго, ном бурд.
Ӯ бо ишора ба инки як нафар қабл аз тирандозӣ дар ҳоли қадам задан дар берун аз музей мушоҳида шуда буд, афзуд, ки фарди гумонбар ҳангоми боздошт шиор сар медод, ки "Озодӣ ба Фаластин".
Раиси пулиси Вашингтон ҳамчунин аз оғози таҳқиқот дар бораи ин тирандозӣ хабар дод.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба хонаводаҳои қурбониён ҳамдардӣ кард ва дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, "ин қатлҳои ваҳшатнок дар Вашингтон, ки ошкоро бар асоси яҳудиситезӣ анҷом мешавад, бояд ҳамин ҳоло поён ёбад. Нафрат ва тундгароӣ ҷойе дар Амрико надоранд".
Мақомҳои амниятии Амрико, аз ҷумла, амнияти миллӣ, аз ҳузур дар саҳнаи тирандозӣ ва пайгирии ин ҳодиса, хабар доданд.
Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил низ эълон кард, ки дар бораи ҳамла ба кормандони сафорати ин кишвар дар Вашингтон, бо мақомоти амрикоӣ дар тамос аст.
Данни Данон, сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид низ ин тирандозиро "як иқдоми террористии яҳудиситезона" хонд.
Мушовири президенти пешини Украина дар Мадрид кушта шуд

Андрей Портнов, мушовири президенти пешини Украина рӯзи 21 май дар Мадрид, пойтахти Испания, кушта шудааст. Портнов ҳамчун шахсияти сиёсии тарафдори Русия шинохта мешуд ва дар таҳияи пешнависи қонун ба ҳадафи таъқиби ширкаткунандагон дар инқилоби махмалини соли 2014 дар Украина, иштирок дошт.
Мақомҳои Испания эълон карданд, ки мушовири Виктор Янукович, президенти пешини Украина, дар сӯиқасди афроди мусаллаҳ дар берун аз мактаби амрикоӣ дар Мадрид боз зарби тир, кушта шуд. Вазорати корҳои дохилии Испания рӯзи 21 май Андрей Портнови 52-соларо қурбонии ин сӯиқасад муаррифӣ кард.
Мақомот гуфтанд, ки ӯ соати 9:15 субҳ ба вақти маҳаллӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки ӯ пас аз гузоштани фарзандаш дар мактаб, кушта шуд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, Портнов ҳангоми савор шудан ба як василаи нақлиёт, "чандин бор" аз ноҳияи сар ва бадан ҳадафи тири афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Пулис мегӯяд, ҳамлаварон сипас пиёда ба як ҷангалзор фирор кардаанд.
Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ин террорро ба ӯҳда нагирифтааст.
Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ба назар мерасад, ки Портнов ҳадди ақал аз апрели соли 2024 дар шаҳри Мадрид зиндагӣ мекардааст.
Хадамоти амнияти Украина дар соли 2018 таҳқиқотеро алайҳи ӯ ба гумони хиёнати давлатӣ оғоз ва иддао кард, ки Портнов дар ғайриқонунӣ ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба Русия даст доштааст. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ дар соли 2019 баста шуд.
Амрико дар соли 2021 Портновро барои сӯистифода аз дороиҳои давлат, фасоди марбут ба қарордодҳои давлатӣ ё истихроҷи манбаъҳои табиӣ, дар рӯйхати таҳримҳои худ қарор дода буд.
Дар Қирғизистон буду боши муҳоҷиронро тафтиш мекунанд

Дар Қирғизистон бо ташаббуси КДАМ аз 10 июн рейдҳои зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ шурӯъ мешавад. Дафтари матбуоти КДАМ-и Қирғизистон 22 май гуфт, дар ҷаласаи зери раҳбарии Қамчибек Тошиев гуфта шуд, ки дар ин кишвар шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ тахминан 5 ҳазор нафар гуфта мешавад. “Хориҷиҳои зиёд ва ширкатҳои ҳуқуқии даъваткунандаи онҳо аз шароити сабуки ворид шудан ба кишвар, мисли турист ё донишҷӯ истифода мекунанд, вале дар асл бо кори ғайриқонунӣ машғул мешаванд. Айни замон, кордиҳандаҳо аз пардохтҳои зарурӣ ё ҷаримаҳо худдорӣ карда бо ин кори худ қонунгузориро вайрон мекунанд”, навиштааст дафтари матбуоти КДАМ.
Ба сохторҳое, ки рейди зидди муҳоҷирати ғайриқонуниро барпо мекунанд, супориш дода шудааст, ки дар давоми 20 рӯзи оянда дар бораи барпо шудани чунин рейдҳо огаҳӣ нашр кунанд. Дар миёни тадбирҳое, ки дар муддати рейдҳо ба кор бурда хоҳанд шуд, аз санҷиши санадҳо сар карда то хориҷ кардан аз кишвар ёд мешаванд. Аз ин пеш полиси Бишкек гуфта буд, ки дар як амалиёти “Нелегал” 800 ҳолати нақзи қонунҳо аз ҷониби хориҷиҳо бо мақсади кор ошкор шуда, протоколҳои ҷаримавӣ ба маблағи беш аз 3 миллиону 600 сом супурда шудааст.
Дар Қирғизистон солҳои охир муҳоҷирони корӣ аз Ҳинд, Покистон ва Бангладеш зиёд шудаанд. Соли 2024 ҳукумати Қирғизистон барои қабули 25 ҳазор коргари хориҷӣ квота ҷудо кард, вале се ҳазор адади он истифода нашудааст. Илова ба ин, дар Қирғизистон беш аз 70 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Тибқи тахминҳо, беш аз 2 ҳазор муҳоҷири тоҷик низ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.
ВКД: кӯдаке аз хунукназарии мураббӣ дар кӯдакистони Душанбе даргузашт

Дар Душанбе дар паи марги тифли дусола дар як кӯдакистони хусусӣ як масъули ин муассиса боздошт шудааст. ВКД Тоҷикистон рӯзи 21 май навишт, рӯзи 19 май дар кӯдакистони хусусии ҶДММ “Саволу ҷавоб” писарбачаи дусолае аз рахти хоб афтода ҷон додааст.
Ба унвонии Радиои Озодӣ навори видеоии рӯй додани фоҷеаи марги кӯдак дар кӯдакистони Душанбе дастрас шудааст, ки нашри он бо далелҳои ахлоқӣ ғайриимкон аст.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса "зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак дастгир карда шуд".
Исми ин зан оварда намешавад. Дар ҷузъиёти ҳодиса сомонаи ВКД менависад, ки 19-уми майи соли 2025, тахминан соати 13:05-дақиқа, ҳангоми иҷрои уҳдадорӣ ҳамчун мураббӣ хунукназарона рафтор намуда... дар вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писарбачаи 2-солаи сокини пойтахт аз ошёнаи 2-юми рахти хоб афтида, аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".
Ба навиштаи ин сомона, салоҳиятҳои касбии ин зан ҳам дар мақоми мураббӣ хусусияти расмӣ надоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.