Панҷ қурбонии як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Дарвозро ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд

Акс аз бойгонӣ

Дар рӯдхонаи Панҷ ҷустӯҷуи ҷасади панҷ сокини Хоруғ, аз ҷумла тифли яксолае идома дорад, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми май дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки фоҷиа рӯзи 20-уми май дар қаламрави ноҳияи Дарвоз ва роҳи Душанбе-Хоруғ рух додааст.

Ба қавли вазорат, Ҳаким Гулзоров, ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер” ҳангоми ҳаракат идораи мошинро аз даст додааст ва мошин ба рӯдхона афтодааст. Худи ронанда ва як мусофири дигар аз мошин ҷаҳида зинда мондаанд, бақияи мусофирон, ки дар байнашон як тифли яксола ва ду навраси 9 ва 10-сола буданд, ҷон додаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ҷустӯҷуи ҷасадҳо идома дорад. Дар роҳҳои кӯҳистонӣ ва ноҳамвори Тоҷикистон, дар садамаҳои нақлиётӣ солона даҳҳо нафар ва гоҳо ду-се нафарӣ аз як хонавода кушта мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷасадҳои шаш муҳоҷири тоҷикро ба ватан фиристодандСадамаи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон. Аҳволи ду нафар вазнин астЯк "Тангем" ба дарёи Панҷ афтод; ронанда бедарак астЧанд хонандаи мактаб дар як тасодуф дар Суғд маҷруҳ шудаанд