Иттиҳоди Аврупо барои ироаи 5,5 миллион евро маблағ ба ҳайси кӯмаки изтирорӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) мувофиқат кардааст. Дар ин бора рӯзи 20 май Кая Каллас, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) хабар дод. Каллас гуфт, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИА барои додани бастаи кӯмакпулиҳо барои дастгирии “кори ҳаётан зарури РАО/РО ба созиш расиданд”. Каллас гуфтааст, “маблағгузории кӯтоҳмуддат як амнияте барои журналистикаи мустақил мебошад”.
Каллас дар нишасти хабарӣ дар Брюссел дирӯз гуфт, ки ин маблағҳо тавассути созмони ғайридавлатии “Бунёди Аврупо барои демократия” ироа хоҳанд шуд. Ҳукумати Чехия, ки қароргоҳи РАО/РО дар пойтахти он – шаҳри Прага ҷойгир аст, талошҳо барои сармоягузории ин муассисаро ҳамоҳанг мекунад.
Кая Каллас, раиси сиёсати хориҷии ИА
Айни замон, Каллас гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо наметавонад пурра камбуди маблағгузории ин идораро дар ҳолати имрӯзааш таъмин кунад. «Тамаркузи мо бояд сари кору фаъолияти РАО/РО дар кишварҳое равона шавад, ки дар ҳамсоягии мо қарор доранду аз хабарҳои РАО/РО - дар Қафқоз ё Осиёи Марказӣ воқеан ҳам вобаста ҳастанд”, гуфт раиси сиёсати хориҷии ИА. Ӯ гуфт, баъди ин як қароре барои кӯмаки кӯтоҳмуддат, кишварҳои узв бояд роҳҳои маблағгузории дарозмуддати ин расонаро пайдо кунанд.
Президенти РАО/РО Стивен Капус дар вокунише аз ин қарори мақомоти аврупоӣ истиқбол кард. Ӯ гуфт, “мо аз ироаи ёрии изтирории ИА, ки барои истодагарии ташкилоти мо мусодиат мекунад, сипосгузор ҳастем. Ба шарофати талошҳои Кая Каллас, вазири корҳои хориҷии Чехия Ян Липавский ва сиёсатмадорони дигар, мо фаъолияти рӯзноманигории худро идома дода метавонем ва ҳамзамон талошамонро барои гирифтани пулҳои аллакай аз ҷониби Когресси ИМА ҷудошуда идома хоҳем дод. РАО/РО то замоне, ки ин пулҳо дар ихтиёри мо вогузор нашаванд, дар хатар боқӣ мемонад”, гуфт Капус.
РАО/РО ҳамоно барои гирифтани буҷаи молии соли 2025 бо Оҷонсии ИМА оид ба расонаҳои ҷаҳонӣ (USAGM) дар додгоҳ баҳсашро давом медиҳад. Ин маблағҳоро Конгресс ихтисос додааст. Рӯзи 14 март президенти ИМА Доналд Трамп қароре имзо кард, ки бар асоси он фаъолият ва буҷаи ҳафт оҷонсии давлатӣ, аз ҷумла USAGM ихтисор мешавад.
Дар пай USAGM, ки маблағгузории РАО/РО тавассути ҳамин идора дарёфт мешавад, гуфт, ки тахминан 75 миллион доллар пулҳои ҷудошуда барои ин расонаро масдуд мекунад. Ин пулҳо фаъолияти РАО/РО-ро то охири сентябри соли 2025 дар бар мегиранд. Қарорро раҳбарияти муваққатии USAGM қабул кард, ки мутобиқи дастури президент Трамп гуфт, дар талоши кам кардани хароҷот мебошад.
Дар натиҷа, фаъолияти бахшҳои РАО/РО маҳдудтар шуд, як бахши хабарнигорон ба истироҳати маҷбурӣ фиристода шуда, кор бо кормандони кироя ё фрилансерҳо қатъ шудааст. Бо ин вуҷуд, РАО/РО ҳамарӯза иҷрои рисолатҳои касбии худ барои расонидани хабарҳои саривақтӣ ва муҳимро дар 23 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон идома медиҳад.