Боздошти як тоҷики гумонбар дар қочоқи ҳероин дар Озарбойҷон

Идораи полиси шаҳри Боку. Акс аз соли 2019

Дар Озарбойҷон як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст, ки ба навиштаи матбуоти Русия, давоми 11 сол мавриди ҷустуҷӯи сохторҳои ҳифзи қонуни ин кишвар будааст. Тағаймурод Эмомовро раҳбари як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир номида, ӯро дар Русия барои содироти “чандсад килограмм ҳероин” мавриди ҷустуҷӯ қарор дода буданд.

ТАСС аз қавли манбаъҳояш дар сохторҳои ҳифзи қонуни Русия навишт, Эмомовро дар ҳудуди Озарбойҷон боздошт кардаанд ва акнун ӯ дар пешорӯи истирдод ба Русия қарор дорад.

Тафтишот дар Русия ба хабаргузории расмӣ гуфтааст, ки Эмомовро дар ташкили “ҷиноятҳои махсусан вазнин” дар соҳаи муомила бо маводи мухаддир гумонбар медонанд. Дар ҳоле, ки маълум нест худи Эмомов дар ин бора чӣ назар дорад ва оё бо вакили дифоъ таъмин аст ё на, сохторҳои тафтишотӣ дар Русия ба матбуот гуфтаанд, ки Эмомов тавассути курйер ё борбарҳои дигар ба қаламрави Русия садҳо килограмм ҳероин ворид кардааст.

“Бисёри онҳое, ки бо Эмомов кор кардаанд, баъди боздошт алайҳи Эмомов ба ҳайси ташкилкунандаи ин тиҷорати сиёҳ баёнот додаанд ва бархе аз онҳо аллакай баъди анҷоми мӯҳлати ҷазо ба озодӣ баромадаанд”, навишт хабаргузории русӣ аз қавли манбааш дар сохторҳои ҳифзи қонун.

Мақомоти ҳифзи қонун дар Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ хабаре нашр накардаанд ва маълум нест, то куҷо ин маълумоти нашршуда пурра ба ҳақиқат ҷавобгӯ аст ё не.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

“Ҳашишро тавассути Тоҷикистон ворид мекарданд”"14-сола аст, вале ба ӯ банг дода, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд"Боздошт ва истирдоди чаҳор сокини Язгулом аз Маскав ба Душанбе