Ҷасадҳои шаш муҳоҷири тоҷикро ба ватан фиристоданд

Ҷасадҳои шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон ҷон бохта буданд, ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳои ин шаҳрвандони Тоҷикистонро 22-юми май тариқи мошин ба зодгоҳашон ноҳияи Қубодиён фиристоданд.

Ба гуфтаи Исмоилов, ин афродро "бо урфу одати мусалмонӣ шуста, кафан карданд ва баъдан барои дафн фиристоданд".

"То имрӯз мурдаи ягон тоҷик дар Қазоқистон бесоҳиб намондааст. Соли 2024 ҷасади 60 ва имсол турбати 36 шаҳрванди Тоҷикистонро ба зодгоҳашон фиристодем. Як қисми онҳо ҳангоми рафтан ба Русия дар роҳ фавтиданд ва як қисми дигар дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Агарчӣ кори Маркази мо асосан ба тоҷикони худи Қазоқистон равона шудааст, вале мо кӯшиш мекунем, ки ба муҳоҷирони тоҷик ҳам кӯмаки худро дареғ надорем",-гуфт Акбарҷон Исмоилов.

Субҳи 20-уми май дар пайи бархӯрдани мошини "Форд Транзит" ба мошини боркаш дар Қазоқистон, 6 муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, 5 каси дигар захмӣ шуданд. Аҳволи ду нафар аз захмиён вазнин гуфта мешавад.

Фавтидаҳо Аҳтам Каримови 36-сола, Назрулло Боқиеви 24-сола, Бахтигул Боқиеваи 40-сола, Юсуф Солиҳови 67-сола, Фаёзиддини Солиҳзодаи 35-сола ва Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола буданд.

Онҳо дар роҳ ба сӯи Русия буданд. Фавтидаҳо ва захмиён сокинони деҳаи Зиракии ноҳияи Қубодиён мебошанд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, маросими видоъ бо ин муҳоҷирон 23-юми май дар зодгоҳашон мегузарад.

Қазоқистон кишвари ҳамсояи Русия мебошад ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд, аз ҷумла, ба хотири сарфаи маблағи сафар бо роҳҳои ҳавоӣ, аз роҳҳои нақлиётӣ истифода мебаранд.

Садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳҳои Қазоқистон дар гузашта ҳам рух додааст.