Дар Рӯзи ҷаҳонии радио сарони радиоҳои мухталифи кишвар мегӯянд, рисолати ҳамсон доранд, аммо онро рӯйи мавҷҳои гуногун ва ҳар кадом ба шеваи худ иҷро мекунанд.
Рустами Ҷонӣ, сарвари ширкати «Ориёно-Медиа», ки молики ду радио – «Имрӯз» ва «Ориёно», ки дар Душанбеву атрофи он ва Хуҷанд низ пахш мешавад, мегӯяд, ин расонаҳо аз лиҳози молиявӣ мушкил надоранд ва ҳеҷ гуна фишореро ҳам ҳис намекунанд:
«Бо формати барномаҳои худ аз дигар радиостансияҳо фарқ мекунанд. Масалан, «Имрӯз» - иттилоотӣ – таҳлилӣ аст ва ягона радиои мустақил аст, ки чунин формат дорад ва пурра ба забони форсии тоҷикӣ пахш мешавад. «Ориёно» пурра ба забони русӣ ва ҳамон формат аст. Айни аз рӯи чунин формат ҳарду радио ҳеҷ гуна рақобатеро ҳис намекунанд.»
Дар ҳамин ҳол, Рустами Ҷонӣ бар ин аст, ки мӯҳтавои хуб ва сатҳи касбии ҳар як радио ченаки маҳбубият ва ҳамзамон даромади он буда метавонанд. Вай дар мисоли радиои «Имрӯз» гуфт, ҳар субҳ ва баъд аз зӯҳр се соат барномаи таҳлилӣ – иттилоотӣ бо ширкати мустақими мақомот, коршиносон ва мардуми оддӣ сари ин ё он масъалаи сиёсиву иқтисодии рӯз пахш мешавад. Вай афзуд, ҳар бегоҳ ду соат барномаи динӣ дорад, ки бо ширкати мустақим руҳониён ва мардум таҳия мешавад. Оқои Ҷонӣ мегӯяд, ин вазъ на фақат шунаванда, балки рекломдиҳандагони «Имрӯз» - ро ҳам афзудааст.
Коршиносон мегӯянд, ба далели бебарқиҳои 15 соли ахир дар деҳот, радио ба ягона манбаи иттилоот тайи 6 моҳи зимистон табдил ёфтааст. Аммо аксарият бар инанд, ки мардум бештар ба барномаҳои тафреҳӣ таваҷҷӯҳ доранд.
Фаридуни Раҳнавард, коршиноси тоҷик
Фаридуни Раҳнавард, коршинос дар умури матбуот мегӯяд, афзоиши радиоҳо дар Тоҷикистон далели барҷастаи он аст, ки фаъолият дар ин майдон кори мушкил нест, зеро тавассути ин навъи расона ҳам мешавад сармоя ба даст овард ва ҳам аз сензура фирор кард: «Аз лиҳози мӯҳтаво таъсирашон як андоза кам шудааст. Хеле якранг шудаанд. То лаҳзае, ки рекламаи худи радиоро нашунавед, намефаҳмед, ки кадом радиоро гӯш мекунед, яъне ҳамаи радиоҳо ба ҳам монанд шудаанд.»
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, дар кишвар 9 радиои ҳукуматӣ ва 15 радиои мустақил сабти ном шудаанд, ки аксарият фаъоланд. Ба қавли як корманди собиқи ин Кумита, ду радиои ҳукуматӣ – «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» умумимиллӣ маҳсуб мешаванд, Радиои бурунмарзӣ барои хориҷа буда ва радиои «Фарҳанг» сирф фарҳангӣ аст. Як сол пеш радиои ҳамном ва марбут ба Оҷонсии миллии «Ховар» ба фаъолият оғоз кард.
Ба 15 радиои мустақил «Азия – плюс», «Ватан», «Имрӯз», ки ҳар се литсензияи алоҳида барои вилоятҳои Хатлон ва Суғд доранд, «Ориёно», «Азия ФМ» ва 7 радиои мустақил дар вилояти Суғд дохил мешаванд. Бино ба иттилои манбаъи мо, дар вилояти Суғд афзудани теъдоди радиоҳои мустақил ба хотири ҳифзи фазои иттилоотӣ аст.
Қаблан дар ин вилоят се радиои мустақил - «Тироз», «Тироз+» ва «Авис» фаъолият доштанд, аммо соли гузашта ба онҳо боз чаҳор радио – «Садои Хуҷанд», «Пайванд», «Исфара», «Ҷаҳоноро» пайвастанд, ки бархе барномаҳои телевизионҳои ҳукуматиро низ пахш мекунанд.