Ҷои ёдоварист, ки баъди бозӣ сармураббии "Истиқлол" Никола Кавазович бархӯрди Каримов бо футболбози “Истиқлол” Александр Кудряшовро шадидан маҳкум кард.
Ба ин тартиб сабқати имсолаи “Равшан” ва “Истиқлол” дар Кӯлоб боз ҳам бо баҳсҳои доғ дар майдон ва берун аз он ба анҷом расид ва дар ин байн Сафаралӣ Каримов-капитани “Равшан” ва сардовар Диловар Орзуев ба истилоҳ “барраи қурбонӣ” шуданд.
Падари ду фарзанди хурдсол Каримов афзуд, ки агар бар пояи ин муҷозот ду моҳ дур аз бозӣ ва чор моҳ бидуни маош монад, маҷбур аст, шуғли худро тағйир диҳад. Ба қавли ҳаводорони “Равшан”, ин ҷазо на танҳо ба Каримов зарба мезанад, балки, ҳазорон мухлиси футболро, ки рӯзҳои ҳунарнамоии “Равшан” дар варзишгоҳи Кӯлоб ҷамъ мешаванд, хашмгин кардааст. Барои аксари онҳо ин ягона тафреҳи дастрас дар зиндагии сермашаққат дар ин шаҳри ҷануби Тоҷикистон аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Голи Равшан ба дарвозаи харифон!!
Бояд гуфт, чунин пуштибонии саросариву ҳаводорони сарсупурдае, ки дастаи “Равшан” дар Кӯлоб дорад, ягон дастаи футболи Тоҷикистон баҳрманд нест. Шояд ба таваҷҷӯҳ ба ин бозӣ аз он сабаб зиёд буд, ки соли гузашта қуваозмоии “Равшан” ва “Истиқлол” дар Кӯлоб, ки бо пирӯзии “Истиқлол” ба поён расид, боиси эътирози ҳаводорони “Равшан” ва бархӯрди ҳаводорон бо пулис гардид.
Рустами Эмомалӣ - бозигари собиқи "Истиқлол" ва ҳоло раиси ФФТ
Он замон ҳаводорони “Равшан” ФФТ-ро бо ҷонибгирӣ аз дастаи зери нуфузи писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муттаҳам карданд. Чандин футболбози “Равшан” ҷазо гирифту ин даста маҷбур шуд, бозиҳои худро дар майдонҳои ба истилоҳ “бетараф” гузаронад. Аммо ғайричашмдошт ин муҷозот сафи ҳаводорони “Равшан”-ро ба маротиб бештар ва номи онро вирди забонҳо кард.
Як сокини шаҳри Кӯлоб бо номи Баҳриддин мегӯяд, барои аксари ҷавонони шаҳри Кӯлоб, ки ба ҷуз пайравӣ аз пешвоёни рӯҳонии ин маҳал машғулияти дигаре надоштанд, футбол даричаеро ба сӯи шодмонӣ ва тафреҳ боз кардааст: “Бисёре аз онҳо ду се моҳ пеш фақат дар масҷиди вақт мегузаронанд. Вақте Ҳоҷӣ Мирзо аз Кӯлоб рафт, онҳо ба варзиш ва дастгирӣ аз «Равшан” рӯ овардаанд.”
Ҳаводорони "Равшан" дар сомонаи "Озодӣ" низ хеле фаъоланду ба хотири барқарор намудани адолат талош меварзанд. Дар миёни садҳо шарҳу тафсир ва наворҳои видео, ки хонандагон ва ҳаводорони “Равшан” ба сомонаи радиои Озодӣ ирсол намудаанд, шикоят шудааст, ки дастаи “Истиқлол” аз имтиёзи хоси раҳбарони Федератсияи футбол бархӯрдор аст. Онҳо ёдрас кардаанд, ки дар рафти бозӣ “Истиқлол” ҳам ба хилофкорӣ роҳ дода буд, вале ягон нафар аз футболбозони ин даста ҷазо нагирифт.
Онҳо мегӯянд, маҳбубияти “Истиқлол” дар назди Федератсияи футбол аз он аст, ки сарвари он Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур ва ҳамлагари собиқи “Истиқлол” аст. Вале Федератсияи футбол ин фарзияро комилан беасос мешуморад.
Як мансабдори Иттиҳодияи футбол дар ҷавоб ба ин айбнома иброз дошт, ки агар "Равшан" ҳам аз рӯи қонуншиканиҳои “Истиқлол” шикоят менавишт, шояд “Истиқлол” низ муҷозот мешуд. Аммо дастаи “Равшан”, ки пирӯзии худро бар рақиби қадимӣ таҷлил мекард, фурсатро аз даст дод.